Тарёкхона фош гардид
Душанбе, 8 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт фаъолияти як маркази нашъамандонро қатъ карданд.
Тавре ки аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни амалиёти фаврию ҷустуҷӯӣ сокини 31-солаи шаҳри Душанбе Алексей Сахнов боздошт шуд, ки дар манзили зисташ, воқеъ дар канори шаҳри Душанбе нашъамандонро қабул кардаву ба онҳо маводи мухаддир мефурӯхтааст.
«Ҳангоми боздошт дар манзили зисти ӯ шаш нафар, аз ҷумла ду нафар занон ҳузур доштанд, ки қаблан маҳкум шуда буданд. Ҳамаи онҳо аз истеъмоли маводи мухаддир дар ҳолати сархушӣ қарор доштанд», — гуфтанд дар вазорат.
Ҳангоми кофтукови манзил чор адад сӯзандору бо боқимондаҳои маводи мухаддири навъи сахттаъсири героин дарёфт шуд.
Нисбат ба соҳибхона, ки дар манзилаш тарёкхона ташкил кардааст, парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






