Таваҷҷӯҳ ба соҳаи иҷтимоӣ
Душанбе, 29 декабр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар моҳҳои январ – ноябри соли 2011 ҷиҳати инкишофи соҳаи иҷтимоӣ 1млрд. 841,7 млн. сомонӣ маблағгузорӣ шудааст, ки 46,1 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузории ҷумҳуриро ташкил медиҳад,- иттилоъ доданд дар Агентии омори назди Президенти ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар». Дар ин муддат дар масоҳати умумии 532,5 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 80,9 фоизро ташкил медиҳад.Ба иттилои манбаъ, дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ барои 15 ҳазору 697 хонанда мактабҳои таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла дар ВМКБ барои 520 ҷойи нишаст синфхонаҳо, Хатлон -9695, Суғд- 2106, шаҳри Душанбе – 960 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои 2 ҳазору 416 ҷойи нишаст синфхонаҳо сохта шудааст. Дар ин давра ҳамчунин дармонгоҳ барои 486 ҷойи қабул дар як баст сохта ба истифода дода шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






