Таваҷҷӯҳи сафирони Британия ва Амрико ба Панҷакент

Декабрь 5, 2011 14:53

Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). -Чанде қабл Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Тревор Мур ва Сафири ИМА дар Тоҷикистон Кен Гросс аз шаҳри Панҷакент дидан карданд.Зимни сафар меҳмонон бо аъзои гурӯҳи кории шаҳрӣ мулоқот намуда, оид ба таҳияи «Барномаи рушди шаҳри Панҷакент барои солҳои 2011 — 2015» табодули афкор намуданд.Ҳамчунин, онҳо ба лоиҳаҳои Сафорати Амрико оид ба нигаҳдории ёдгориҳо, БРСММ дар Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби «Одил Темур» ва аз фаъолияти ҶММ «Симо ТВ» ошно шуда, аз Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Панҷакент, мамнӯъгоҳи Саразм, мақбараи устод Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷрӯд боздид намуданд.Меҳмонон бо раиси шаҳри Панҷакент Хусрав Абдуназаров мулоқот намуда, роҷеъ ба масоили мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн табодули назар карданд.

Декабрь 5, 2011 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад