Теъдоди бонкҳо меафзояд
Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар Тоҷикистон шумораи бонкҳо зиёд мешавад. То 1 – уми октябри соли равон теъдоди намояндагиҳои ташкилотҳои кредитӣ баробари 18 воҳид афзуда ва шумораи онҳо ба 272 адад расид. Мувофиқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, ин аз ҳисоби дар ноҳияҳои Восеъ, Қубодиён, Балҷувон, Сарбанд, Бохтар, Сино, Шаҳринав, Ҳисор, Спитамен, Рашт, ҳамчунин Шуғнону Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кушода шудани 12 намояндагии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷиксодиротбонк» имконпазир гардидааст. Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин розӣ шудааст, ки намояндагии «Тоҷиксодиротбонк» дар вилояти мухтори Синҷону Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин ифтитоҳ гардад. Қобили зикр аст, ки то 1 октябри соли 2011 дар Тоҷикистон 15 бонк, 272 намояндагии онҳо, ду ташкилоти ғайрибонкии кредитӣ ва 122 ташкилоти кӯчаки маблағгузорӣ фаъолият дошт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






