Тоҷиддин бо худ чӣ мебурд?

Декабрь 13, 2011 11:56

Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Чанде пеш кормандони ШКД-и ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврию ҷустуҷӯӣ дар ошхонаи «Хубон», воқеъ дар маҳаллаи-34-уми ноҳия шаҳрванд Абдул Довудовро дастгир карданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ як бастаи селофанӣ, ки дар дохилаш 1 килограмму 07 грамм маводи нашъадори ҳашиш дошт, ёфт ва мусодира карда шуд. Инчунин кормандони ШКД-и ноҳияи Данғара 12 декабри соли ҷорӣ дар натиҷаи гузаронидани амалиёт амали ғайриқонунии қочоқи маводи нашъаоварро ошкор намуданд.Тавре ки аз маркази матбуотии ВКД- и Ҷумҳурии Точикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми кофтукоф аз истиқоматкунандаи деҳаи Файзбахши ҷамоати деҳоти Оқсу Тоҷиддин Мирзоев, (соли таваллудаш 1977), 1 адад селофан, ки дар дохилаш мувофиқи маълумотномаи шӯъбаи ташхиси ҷиноии Раёсати корҳои дохилӣ 64 грамм маводи нашъадори ҳашиш дошт, дарёфт ва мусодира карданд. Перомуни ин ҳодисаҳо тафтишот ҷараён дорад.

Декабрь 13, 2011 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад