Тоҷикистон қонунҳояшро ба муқаррароти СУС мутобиқ менамояд
Душанбе, 29 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон-Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи охирони худ дар соли 2011 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳофизати растаниҳо»-ро баррасӣ ва қабул намуд. Қосим Қосимов, вазири кишоварзии мамлакат дар баромади худ иброз дошт, ки зарурати қабули қонуни мазкур ин ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо аст. Қонун аз 5 боб ва 20 модда иборат буда, самтҳои асосии сиёсати давлатро дар бахши муҳофизати растаниҳо ба танзим медарорад. Бо қабули қонуни мазкур бахши муҳофизати растаниҳо дар кишвар рушд ёфта, ҳосилнокӣ дар соҳаи кишоварзии мамлакат баланд бардошта мешавад. Дар ҷаласа ҳамзамон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ» тағйирот ворид карда шуд, ки зарурати он низ мутобиқгардонии қонун ба муқаррароти талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мебошад.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






