Тоҷикистон дорои қонуни нафту газ мегардад

Декабрь 9, 2011 10:56

Душанбе, 9 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар оянда парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафту газ»-ро таҳия ва қабул менамояд. Дар робита бо ин ду нафар аз вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакт –Исмоил Талбаков ва Маҳмадраҳим Каримов ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи пешқадами қонунгузории Туркманистон дар бахши нафту газ ба Ашқобод пойтахти ин кишвар сафар карданд. Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон иттилоъ дод, ки вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар Ашқобод бо гурӯҳи вакилони парлумони Туркманистон мулоқот намуда, дар он роҷеъ ба таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва истифодаи таҷрибаи ҳамдигар дар бахши таҳияи қонунҳо табодули назар карданд. Интизор меравад, ки вакилони Маҷлиси намояндагон дар Ашқобод аз Вазорати саноати нафту газ ва захираҳои минералии Туркманистон ва Консерни давлатии «Туркмангаз» боздид менамоянд. Сафари вакилон дар Туркманистон то 12 декабри соли равон идома меёбад.

Декабрь 9, 2011 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд