Тоҷикистон кишвари металлургӣ хоҳад шуд
Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Саридораи геологияи ҷумҳурӣ, то имрӯз беш аз 600 кон ва 800 манбаи дорои зиёда аз 50 намуди ашёи минералӣ дар гӯшаю канори ҷумҳурӣ кашф ва қисман мавриди истифода қарор гирифтаанд.Тоҷикистон аз зумраи кишварҳоест, ки эҳтиёҷи худро аз ҳисоби ашёи минералии худӣ таъмин карда метавонад.Истихроҷу истифодаи васеи саноатии захираҳои нуқра дар Конимансури Калон, конҳои тиллои водии Зарафшон, аз ҷумла Кончоч, Масриф, Чоре, конҳои селестини минтақаи Кӯлоб, сангҳои қимматбаҳои Бадахшон ва антратсити аз ҷиҳати сифат дар дунё беҳамтои Назарайлоқ, ки ифтихори миллии мо мебошад, метавонад ба рушди иқтисоди миллӣ мусоидат намуда, даҳҳо ҳазор коргару мутахассисро бо ҷойи нави корӣ фаро гирад. Тоҷикистон аз ҳисоби захираи нуқра, сурма ва антратсит дар миқёси ҷаҳонӣ ҷойи намоёнро ишғол менамояд. Айни замон захираи кони оҳани Шоҳқадамбулоқ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров метавонад дар пешрафти саноати металлургияи сиёҳ дар Тоҷикистон мавқеи муҳим дошта бошад. Чунин конро мутахассисон дар ноҳияҳои Варзобу Рӯшон кашф кардаанд. Дар кони Пасирӯди ноҳияи Мурғоб корҳои ҷустуҷӯиву геологӣ босуръат идома доранд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки Тоҷикистон дар оянда ба як кишвари саноати металлургӣ табдил хоҳад ёфт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






