Вакилон ҳисоботи Раиси шаҳрро баррасӣ карданд
Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – 22 декабр дар шаҳри Хуҷанд иҷлосияи VIII, даъвати IV маҷлиси шаҳрии вакилони халқ таҳти раёсати муовини раиси шаҳр Рухсора Каримхоҷаева баргузор гардид ва вакилони халқ ҳисоботи Раиси шаҳрро доир ба рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хуҷанд дар 11 моҳи соли 2011-ум баррасӣ карданд. Нақшаи қисми даромади буҷаи умумӣ дар 11 моҳи сипаригашта 104,8 фоиз ва буҷаи маҳаллӣ 103,1 фоизро ташкил дод. Қисми зиёди даромади буҷет ба соҳаҳои иҷтимоӣ масраф шудааст.Корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 293,1 миллион сомонӣ маҳсулот бароварданд, ки ин дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 20,1 фоиз зиёд аст.Бунёди иншооти таъиноти иҷтимоӣ ва фарҳангию маишӣ бахосса дар доираи маъракаи «400 рӯзи созандагию бунёдкорӣ – ба 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» авҷи тоза гирифт.Аз маркази матбуоти маъмурияти шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки натиҷаҳои дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр низ дилпуркунандаанд.








Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад






