Варзишгарони ғолиб аз Тошканд баргаштанд
Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Аз 8 то 11 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканди ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақсади ташвиқу тарғиби варзиш ва тарзи ҳаёти солим байни ҷавонон ва наврасон мусобиқоти ҷаҳон оид ба муай-тай баргузор гардид. Дар он аз кишвари мо ҳайати нӯҳнафараи варзишгарони тоҷик ширкат намуданд. Нуриддин Саидов дар вазни 67 кг ҷойи аввал, Одил Фозилов дар вазни 57 кг ҷойи дуввум, Нусратулло Ғайратов дар вазни 63 кг ҷойи аввал, Диловар Носиров дар вазни 86 кг ҷойи дуввум, Парвиз Зайдуллоев дар вазни 75 кг ҷойи сеюм, Ҷамшед Шарипов дар вазни 60 кг ҷойи сеюм ва Шоҳини Шамсиддин дар вазни 71 кг ҷойи сеюмро соҳиб шуданд. Дар мусобиқаи варзишӣ намояндагони 24 давлат, аз ҷумла Амрико, Бразилия, Англия, Муғулистон, Голландия, Украина, Русия, Қазоқистон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Эрон ва дигар кишварҳо иштирок намуданд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






