Вазъи чорводорӣ дар Темурмалик
Кӯлоб, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», С.Холов ). – Дар ноҳияи Темурмалик дар давоми солҳои охир саршумори чорво афзоиш меёбад. Заҳматкашони хоҷагии деҳқонии «Олучабулоқ» — и ноҳия ба чорводорӣ машғул буда, дар хоҷагӣ асосан зоти гӯсфанди серпашми дарвозӣ парвариш меёбад. Айни замон чорво дар чарогоҳҳои тобистона нигоҳубин карда шуда ва то баргаштани чорво хоҷагидорон оғилхонаҳоро таъмир ва миқдори зарурии хӯроки зимистонаро захира менамоянд. Фаъолияти хуби хоҷагидорон ба он мусоидат намуд, ки қарзҳои солҳои қаблии хоҷагӣ пурра пардохта шуд ва нақшаи истеҳсоли ҳама гуна маҳсулот барзиёд иҷро гардад. Чорводорон ният доранд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда маъракаҳои тароши пашм ва наслгириро дар оянда хуб ба роҳ монда, саршумори чорворо зиёд намоянд. ва дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва коркарди саноатии пӯсту пашм дар кишвар саҳм гузорнд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






