Вазъияти роҳҳо дар минтақаҳо
Файзобод, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова ). – Тайи рӯзҳои 19, 20 ва 21 – уми декабр аз боришоти зиёди барф ва сардии ҳаво гардиши нақлиёт дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мушкил гардид. Тавре ки сардори муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Файзобод Назаралӣ Баҳодуров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ду – се рӯзи охир дар натиҷаи боришоти зиёди барф ва яхбандии роҳҳо ба роҳ баромадани нақлиёт хеле мушкил гардид.Мо дар натиҷаи омодагиҳо ва захираи 1400 метри мукааб рег ва 40 тонна намак бо ёрии техника дар тамоми роҳҳои мушкилгузар бо истифодаи регу намак роҳҳои автомобилгарди нақлиётиро безарар гардонидем. Сармуҳандиси муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои автомобилгарди шаҳри Ваҳдат Ҳакималӣ Табаров изҳор дошт, ки вобаста ба тамоми шароиту имкониятҳо, муассисаи мо ба зимистон тайёрии ҷиддӣ дид. Дар давоми сол мо 1882 мукааб регу намак захира намудем. Ба вазъияти обу ҳаво нигоҳ накарда, дар айни замон дар тамоми хатсайрҳои шаҳри Ваҳдат воситаҳои нақлиётӣ равуо доранд. Ҳангоми сӯҳбат сардори Муассисаи автомобилии шаҳри Роғун Абдуқодир Ширинҷонов гуфт, ки соли ҷорӣ дар муассисаи роҳҳи шаҳр ба миқдори 1000 мукааб маводи зидди лағжиш захира карда шуд. Тайи ду — се рӯзи охир яхбандии роҳҳо боиси ташвиши мо гардид. Дар натиҷаи заҳматҳои зиёди кормандони муассиса тавонистем равуои нақлиётро ба таъхир нагузорем.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






