Вазнбардорӣ. Мусобиқа барои ҷом
Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дар толори варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов мусобиқаи вазнбардорон барои дарёфти Ҷоми Федератсияи вазнбардории ҷумҳурӣ ба анҷом расид. Дар он аз рӯи ҳашт вазн варзишгарон аз шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Ваҳдат, ноҳияи Темурмалик ва Донишкадаи варзиш ширкат карданд. Дар ҷамъбаст миёни дастаҳо вазнбардорони Қӯрғонтеппа барандаи ҷои аввал ва соҳиби ҷом гардиданд. Зинаи дуюмро душанбегиҳо ва мақоми сеюмро варзишгарони ноҳияи Темурмалик сазовор гаштанд. Дар зӯрозмоиҳо аз рӯи вазн варзишгарон Хуршед Тӯраев (69 кг), Азиз Шукуров (94 кг) ва Баҳриддин Нуриддинов (105 кг) аз шаҳри Қӯрғонтеппа, Қурбоналӣ Давлатов (62 кг) ва Фаттоҳ Зиёев (+105 кг) аз шаҳри Душанбе, ҳамчунин, Парвиз Бегов (Ваҳдат, 56 кг), Диловар Мирасов (Темурмалик, 77 кг) ва Рустами Мурод (Кӯлоб, 85 кг) ғолиб омаданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






