Вазорати энергетика ва саноат ба хонаи кӯдакон кӯмак расонид
Душанбе, 28 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- Дар арафаи Соли нави 2012 Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 121 нафар тарбиятгирандаи Хонаи кӯдакони деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалик ба маблағи 8000 сомонӣ маводи хӯрокӣ, либосу пойафзол ва молҳои ниёзи аввал, аз қабили орду равған, шакар, гӯшту биринҷ, пойафзолҳои гарм, собун, лампаҳои каммасраф ва ғайра кӯмак расонид.Ин иқдом дар доираи Амри Президенти ҶТ аз 12 анвари соли 2008 оид ба расонидани кӯмаки доимии моддию молиявӣ ба маъюбону пиронсолон, иштирокчиёни ҶБВ, оилаҳои камбизоат, хона-интернатҳо ва муассисаҳои иҷтимоӣ мунтазам амалӣ мегардад. Вазорати энергетика ва саноати ҶТ дар чорабиниҳои дигари ин муассиса низ саҳми назаррас дошта, соли ҷорӣ туйи суннатии 40 нафар тарбиятгирандаро баргузор намуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






