ВИЧ/СПИД-ро пешгирӣ мебояд
Кӯлоб, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар Тоҷикистон барои пешгирии паҳншавии вируси норасоии масъунияти инсон ва огоҳии мардум аз ин беморӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда, барномаи давлатӣ қабул гардидааст, ки Вазорати тандурустӣ, марказҳои мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масъунияти одам ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз рӯи он амал мекунанд. Ташкилоти ҷамъиятии «Анис»-и шаҳри Кӯлоб дар давоми фаъолияти хеш ба аксар гирифторони бемории мазкур кӯмак расонидааст.Ташкилоти ҷамъиятии «Анис» дар театри ба номи Сайдалӣ Вализода ҳамоиш ташкил намуд, ки дар он хонандагони мактабҳо ва донишҷӯён иштирок карданд. Дар он кормандони ташкилот ва дигар мутахассисон оид ба беморӣ маълумот дода, бо намоиши саҳнаҳо дар бораи роҳҳои пешгирии паҳншавии бемории мазкур маълумот пешниҳод карданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад






