ВКХ аз пардохти боҷи гумрукӣ озод мегардад
Душанбе, 21 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Бо ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011» Вазорати корҳои хориҷии /ВКХ/ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти боҷи гумрукӣ ҷиҳати ворид намудани 21 ҳазор дона шиносномаи биометрӣ озод карда мешавад. Ин матлабро Ҷамшед Норинов, муовини вазири молияи кишвар зимни баррасии лоиҳаи қонуни мазкур 21 декабр дар палатаи поёнии парлумони мамлакат иброз дошт. Мавсуф зикр кард, ки бо мақсади гузаштан ба стандартҳои умумиҷаҳонии нигоҳдории шиносномаҳои биометрӣ дар кишвар аз ҷониби ВКХ ба шаҳрвандон додани шиносномаҳо биометрӣ ба роҳ монда шудааст. Ҷиҳати иҷрои ин амал, яъне барои воридоти таҷҳизоти чопӣ, шиносномаҳои биометрӣ ва бланкаҳои холии шиносномаҳои биометрӣ, ҳамчунин таҷҳизоти маълумотҷамъкунии шиносномаҳои биометрӣ байни Вазорати молияи ҷумҳурӣ ва ВКХ-ии мамлакат Созишномаи қарзӣ ба имзо расидааст, ки тибқи он ба ВКХ 24 миллион сомонӣ ба мӯҳлати се сол ҷудо карда шуд. Ҷамшед Норинов гуфт, ки ҷиҳати амалӣ намудани ин нақша аз ҷониби ВКХ дар давоми соли 2010 ба ҷумҳурӣ таҷҳизоти зарурӣ барои чопи шиносномаи биометрӣ ва маълумотҷамъкунии шаҳрвандон ворид карда шуд. Яъне, тибқи Созишномаи мазкур дар соли 2010 бояд ба ҷумҳурӣ 100 ҳазор дона шиносномаи биометрӣ ворид карда мешуд. Аз сабаби он, ки дар соли 2010 79 ҳазор дона ва дар соли 2011 21 ҳазор дона шиноснома ворид карда шуд, Созишнома дар соли 2010 иҷро нагардид. Бинобар ин дар соли 2011 –ум 21 ҳазор дона шиносномаҳои биометрӣ ба маблағи 1 миллиону 480 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки маблағи пардохтҳои гумрукӣ 550 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва тибқи ворид намудани илова ба Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011 маблагӣ мазкур яъне 550 ҳазор сомонӣ баро сохтмони бинои нави маъмурии ВКХ ҷумҳурӣ равона карда мешавад. Муовини вазири молияи кишвар афзуд, ки аз 24 миллион сомонӣ қарзи дода шудаи Вазорати молия ба ВКХ 22 миллион сомонӣ баргардонида шудааст ва маблағи боқимонда то охири сол бояд баргардонида шавад. Шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо шиносномаҳои биометрии дорои маълумоти электронӣ давра ба давра таъмин карда мешаванд. Дар робита ба масъалаи гарон будани нархи шиносномаҳои биометрии дорои маълумоти электронӣ Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон таваҷҷӯҳи Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири корҳои хориҷии кишварро ҷалб намуд. Муовини роҳбари идораи сиёсати хориҷии кишвар гуфт, ки алҳол арзиши шиносномаи биометрӣ дар ҷумҳурӣ 75 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, шиносномаи биометрии хизматӣ 100 доллар вашиносномаи дипломатӣ 125 долар арзиш дорад. Сабаби баланд будани нархи шиносномаи биометриро Н. Зоҳидов дар хароҷоти он арзёбӣ кард. Мавсуф афзуд, ки баъд аз ду- се сол вақте, ки хароҷот пӯшонида мешаванд, нархи шиносномаи биометрӣ арзон мегардад. Вобаста ба ин масъала Ҷамшед Норинов, муовини вазири молияи ҷумҳурӣ афзуд, ки алҳол як дона бланки шиносномаи биометрӣ 11,6 евро аст.