Вохӯрии ҳарбии Тоҷикистону Покистон
Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- 21 декабр раиси Кумитаи сардорони муттаҳидаи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Холид Шамим Вайн бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад . Тавре ки аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар давоми сафари расмии худ номбурда ба вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ва бо дигар ашхоси расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард. Дар назар дошта шудааст, ки зимни сафар доираи васеъи ҳамкориҳои ҳарбию техникӣ, омодасозии кадрӣ ва дигар масоили доир ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои низомӣ мавриди барррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Ҳамзамон тибқи нақша дар доираи сафари расмӣ раиси Кумитаи сардорони муттаҳидаи Покистон аз қисмҳо, ҷузъу том ва пойгоҳҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, бо ҳайати афсарону сарбозон вомехӯрад.Лозим ба ёдоварист, ки ҳамкориҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Покистон аз соли 2009 маншаъ гирифта, сол то сол густариш меёбад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






