Вохӯрии З. Ализода бо Т. Мерзлякова
Душанбе, 8 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 7 декабри соли ҷорӣдар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони вилояти Свердловски Федератсия Русия Татяна Мерзлякова бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода баргузор гардид.
Дар доираи вохўрӣ дар ҳузури намояндагони васоити ахбори омма Т. Мерзлякова ва З. Ализода Созишномаи ҳамкории байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони вилояти Свердловски Федератсияи Русияро ба имзо расониданд, ки яке аз бандҳои асосии он мусоидат ба ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ва аъзои оилаи онҳо мебошад.
Т.Мерзлякова зимни суханронӣ гуфт, ки дар миёни муҳоҷирони меҳнатии дар вилояти Свердловск фаъолияткунанда муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳо аксариятро ташкил медиҳанд, ки имзои ин Созишнома барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо мусоидат хоҳад кард.
Зимни вохўрӣ ҷонибҳо аз фаъолияти худ дар самти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд табодули назар намуда, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори ҳавасмандӣ намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






