Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод
Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Имрӯз дар омӯзишгоҳи касбию техникии № 63 дар доираи нақшаи чорабиниҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси раёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар ноҳияи Шоҳмансур ярмаркаи умумишаҳрии ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид. Дар он 38 корхонаю муассисаи шаҳри Душанбе иштирок ва ба корҷӯён 2070 ҷойи кории холиро пешниҳод намуданд.Тавассути ин ярмарка ба 71 нафар корҷӯй барои бо кор таъмин шудан аз ҷониби мақомоти Агентӣ роҳхат дода шуд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ “Ховар” аз шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






