Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ
Душанбе, 23 декабр. АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). –Имрӯз бо ташаббуси Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Сирки давлатии Тоҷикистон ярмаркаи умумишаҳрии ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид. Дар он Сарраёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, раёсатҳои он дар ноҳияҳои Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино, инчунин раёсатҳои шаҳрҳои Турсунзода, Ваҳдат ва ноҳияи Варзоб иштирок намуда, ҷойҳои кории холиро барои ниёзмандон пешниҳод намуданд.Дар ярмарка 100 корхонаю муассисаи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи пойтахт иштирок ва ба корҷӯён 1854 ҷойи кории холиро пешниҳод намуданд. Дар рафти ярмарка зиёда аз 670 нафар шаҳрванди корҷӯй ва бекор иштирок намуд, ки ба 215 нафар барои кор роҳхат дода шуд. Мавриди зикр аст, ки ташкил ва гузаронидани ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ дар фаъолияти мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ дар самти мусоидат ба шуғл нақши муҳим дорад ва тибқи нақша имсол дар пойтахт 32 ярмарка ташкил шудааст, ки тавассути он 1183 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






