Ғолибони озмуни дуюми байналмилалӣ дар Минск
Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо мақсади ташкили дурусти таълиму тадриси ҳайати шахсӣ дар бахши ҳирфавият дар КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ду синфхонаи бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ муҷҷаҳаз ба истифода дода шуд. Дар филиали дар Хуҷандбудаи ин корхона синфхонаи нави машқҳои тренажёрӣ бо насби таҷҳизоти наву замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.- Мақсад аз гузаронидани таҷрибаомӯзӣ ва таълиму тадриси ҳайати кадрии ин идораи ҳавопаймоӣ ҳамоно баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбӣ ва малакаю маҳорати ҳирфавии кормандон барои таъмини бехатарии парвозҳои ҳавопаймоҳо мебошад,- гуфт директори кулли КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Анвар Мақсудов ба мухбири АМИТ «Ховар».Маҳз натиҷаи ҳамин корҳо буд, ки се намояндаи КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дар озмуни дуюми байналмилалии мутахассисони идораи ҳаракати ҳавоӣ-«Корбарии амалӣ дар тренажёри диспечерӣ» дар шаҳри Минск соҳиби ҷои аввал гардиданд,- афзуд А. Мақсудов.








«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






