Қалъаи Ҳисор- ёдгории бузурги таърихӣ
Ҳисор, 24 январ.(АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Бахшида ба 3000- солагии тамаддуни Ҳисор, ки соли 2015 таҷлил хоҳад гашт, корҳои омодагӣ дар ноҳияи Ҳисор ривоҷу равнақ мегирад. Аз ҷумла, дар мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор тамоми нигораҳои осорхона аз нав ба қайд гирифта, ба онҳо шиносномаҳои илмӣ тартиб дода шуд. 85 фоизи осор аксбардорӣ гардидааст. Комиссия аз аҳолӣ 69 экспонати нодирро харидорӣ намуд. Зиёда аз 11 ҳазор нафар тамошобин, аз ҷумла 1527 хориҷиён аз ин мавзеи таърихӣ боздид намуданд. Тибқи нақша Қасри Ҳоким дар болои қалъа барқарор мешавад. Ҷиҳати ҷалби сайёҳон аз дохили дарвоза то даромадгоҳи Аскархона растаи ҳунармандон сохта шуда, коргоҳҳои ҳунарҳои миллӣ эҳё мегарданд. Дар атрофи чашмаи Аскархона истироҳатгоҳ бо ошхонаи таъомҳои миллӣ бунёд хоҳад ёфт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






