Қаноатмандии М. Неъматов аз фаъолияти варзишгарон
Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Варзишгарони тоҷик дар 110 мусобиқаи байналмилалӣ, чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиё ширкат варзида, дар маҷмӯъ дар соли 2011 аз намудҳои мухталифи варзиш 92 медали тилло, 88 медали нуқра ва 127 медали биринҷӣ, ҷамъ 307 медал ба даст оварданд, ки нисбат ба соли гузашта 88 медал зиёд аст, -изҳори хушнудӣ кард раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ Маликшо Неъматов ба хабарнигорони ВАО.Мавсуф афзуд, ки варзишгарони тоҷик дар соли 2011 аз рӯи 21 намуди варзиши олимпӣ дар 39 мусобиқаи байналмилалӣ бо теъдоди 414 нафар иштирок намуда, сазовори 76 ҷоиза, аз ҷумла 28 медали тилло, 25 медали нуқра ва 23 медали биринҷӣ гардиданд, ки нисбат ба соли 2010 12 медал зиёд аст.Ҳамчунин варзишгарони тоҷик аз рӯи 32 намуди варзиши ғайриолимпӣ дар 71 мусобиқаи байналмилалӣ бо теъдоди 791 нафар иштирок намуда, сазовари 231 ҷоиза, аз ҷумла 64 медали тилло, 63 медали нуқра ва 104 медали биринҷӣ шуданд. Ин теъдод нисбат ба соли 2010 76 медал зиёд аст, -афзуд Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






