Қарордодҳои ҳамкорӣ чаро иҷро намегарданд?
Душанбе, 26 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Парлумони Тоҷикистон омодааст, то бо парлумони Муғулистон робитаҳоро барқарор намуда, дар ин замина ба таъсиси гурӯҳи дӯстӣ низ иқдом намояд». Ин нуктаро Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон дар ҷараёни мулоқоташ бо сафири фавқулодда ва мухтори Муғулистон дар Тоҷикистон Аюрзан Хараавч зикр кард. Ш. Зуҳуров доир ба фаъолияти парлумони мамлакат маълумот дода гуфт, ки Маҷлиси намояндагон бо таҳия ва қабули қарору қонунҳо ва тасвиби созишномаву конвенсияҳо бо парлумонҳои кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои парлумонӣ ҳамкории наздик дорад. Вай доир ба робитаҳои гуногунсоҳаи ҳар ду кишвар дахл намуда афзуд, ки Тоҷикистону Муғулистон имкон доранд дар соҳаҳои энергетика, канданиҳои фоиданок, чорводорӣ, хусусан коркарди чарму пашм, меваю сабзавот ҳамкории мутақобилан судмандро роҳандозӣ намоянд. Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бо ишора ба сатҳи начандон назарраси ҳамкории иқтисодӣ таъкид кард, ки байни ҳарду кишвар чанд санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст, мутаассифона, ин қарордодҳои ҳамкорӣ то кунун иҷро нагардидаанд. Ҳамзамон зикр шуд, ки созишномаҳое, ки аз ҷониби ҳукуматҳои ҳарду мамлакат ба имзо расидаанд, бояд амалӣ шаванд. Сафири Муғулистон изҳор дошт, ки ба ҳайси сафир тамоми имкониятро барои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҳар ду кишвар равона менамояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






