Қарори КМИР
Душанбе, 19 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). – Дар ҷаласае, ки 19 январ дар ҳузури Шермуҳаммади Шоҳиён, Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ баргузор гардид, ба намояндаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ Абдураҳмон Хонов мандати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба ивази вакили хориҷшуда дода шуд. Мавсуф ҳамчун вакил ба қайд гирифта шуд ва ваколаташ тасдиқ гардид. Мавриди зикр аст, ки тибқи талаботи моддаи 57-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мавриди пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколати вакиле, ки дар натиҷаи тақсимоти мандатҳои вакилӣ дар байни ҳизбҳои сиёсӣ интихоб шудааст, мандаташ бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ ба номзаде, ки баъд аз интихобшудагон дар рӯйхати дахлдор қарор дорад, дода мешавад. Аз ин рӯ, тибқи рӯйхати ҳизбӣ намояндаи ҲХДТ Абдураҳмон Хонов аз ҳавзаи якмандатии умумиҷумҳуриявӣ бе баргузории интихобот дар курсии вакили палатаи поёнии парлумони мамлакат менишинад. А. Хонов вазиваи сардори бахши тарбияи ватанпарастии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳуриро иҷро мекард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






