Қарори Раиси вилояти Суғд ба имзо расид
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Қарори раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, «Дар бораи гузаронидани курсҳои омӯзишӣ доир ба мудофиаи гражданӣ ва омодагии ҳайати роҳбарикунанда дар самти пешгирӣ ва ҳифз аз ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд барои солҳои 2012-2014» бо мақсади омода намудани ҳайати роҳбарикунанда ва аҳолии вилоят, тарғиби дониш дар самти пешгирӣ ва ҳифз аз ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ба тасвиб расид. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки барои дар амал татбиқ намудани қарори мазкур раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, сардорони мудофиаи гражданӣ, раисони комиссияҳои дахлдор, сардорони хадамоти мудофиаи граждании вилоят якҷоя бо сардорони Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳру ноҳияҳои Суғд вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати тарғиби дониш дар соҳаи пешгирӣ ва ҳифзи аҳолӣ, иқтисодиёт ва қаламрави вилоят аз ҳолатҳои фавқулодда, ҳамчунин дар бахши мудофиаи гражданӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






