Қочоқчиён дастгир шуданд
Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова ). – Кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар ҷараёни амалиёти фаврӣ дар ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои пойтахт беш аз 12 килограмм маводи нашъаоварро мусодира намуданд. Тавре сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, кормандони идораи милиса аз яке аз сокинони шаҳр 4 килограмму 756 грамм маводи нашъаоварро мусодира карданд. Дар ҷараёни амалиёти дигар сокини 61 солаи шаҳри Душанбе Амирхон Ҷалилов дастгир шуда, аз ӯ қариб 2 килограмм героин мусодира гардид. Кормандони милиса аз мошини номбурда боз беш аз 6 килограмм героинро пайдо намуданд.Аз рӯи ҳар ду ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






