Қотил дастгир шуд
Қӯрғонтеппа, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев ). – Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон шахсеро, ки ба куштани духтари хурдсол гумон буда мешавад, дастгир намуданд. Тавре сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон генерал – майор Анвар Тағоймуродов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД ҶТ ва Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар ҷараёни кофтукови фаврӣ дар шаҳри Душанбе қотилро дастгир намуданд. Вай сокини ноҳияи Ҷомӣ Фаррух Абдуллоев мебошад. Анвар Тағоймуродов ҳамчунин зикр намуд, ки Ф.Абдуллоев дар ҷараёни истинтоқ айбашро пурра иқрор шуд. Хотирнишон месозем, ки духтарчаи 5 — сола 8 январи соли ҷорӣ дар яке аз биноҳои бесоҳиби ноҳияи Ҷомӣ кушта шуда буд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






