Ҳаҷми гардиши савдои берунии Тоҷикистон меафзояд
Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Гардиши савдои берунии Тоҷикистон, аз ҷумла нерӯи барқ ва гази табиӣ аз рӯи натиҷаи соли 2011 – ум 4 миллиарду 443 миллиону 300 ҳазор доллари ИМА – ро ташкил дод, ки назар ба нишондоди соли 2010 баробари 15,4 фоиз зиёд аст. Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, мувозинаи тиҷоратӣ хусусияти манфӣ дошт, зеро воридот назар ба содирот баробари қариб 1 миллиарду 900 миллион доллар зиёд буд. Дар ин муддат Тоҷикистон бо 102 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла бо 10 мамлакати аъзои ИДМ ва 92 кишварҳои хориҷи дур муносибатҳои тиҷоратӣ дошт. Соли гузашта ҳаҷми содирот нисбат ба соли 2010 – ум 5,2 фоиз афзуда, 1 миллиарду 257 миллион долларро ташкил дода, воридот тайи як сол баробари 19, 9 фоиз афзуда ва ба 3 миллиарду 186 миллиону 400 ҳазор доллар расид. Дар соли 2011 аз ҷумҳурӣ 277 ҳазору 700 тонна алюминий ба маблағи 664 миллиону 500 ҳазор доллар бароварда шуд, ки 52,9 фоизи ҳаҷми умумии содиротро ташкил медиҳад.Мувофиқи хабари агентӣ, тайи соли 2011 – ум 188 ҳазору 200 тонна нахи пахта ба маблағи 197 миллиону 700 ҳазор доллар фурӯхта шуд, ки 15,7 фоизи ҳаҷми умумии содиротро ташкил медиҳад.Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар бахши содирот иборат аз Туркия, Чин, Афғонистон ва Русия буданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






