Ҳаҷми хидматрасонии солонаи алоқа меафзояд
Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ). – Соли 2011 ҳаҷми умумии даромади хидматрасонии алоқаи ҷумҳурӣ 1 миллиарду 991 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 – ум 112 фоизро ташкил медиҳад. Муовини аввали сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ Рафиқҷон Шокиров дар нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаи фаъолият дар соли 2011 ба журналистон дар ин бора хабар дод. Дар нишасти маттбуотӣ қайд шуд, ки даромади умумӣ аз истифодаи алоқаи зудпайваст 1 миллиарду 879 миллиону 700 ҳазор сомониро ташкил дод. Ба аҳолӣ ба маблағи 896 миллион сомонӣ хидмат расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 – ум 111% — ро ташкил медиҳад.Операторони бахши алоқаи зудпайваст соли 2011 ба ҷумҳурӣ ба маблағи 509 миллиону 200 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти нав оварданд. Теъдоди мизоҷони алоқаи зудпайваст дар соли 2011 – ум 6 миллиону 500 ҳазор нафарро ташкил дод, ки 3 миллиону 900 ҳазор нафари онҳо рақамҳои фаъол доранд. Шумораи истифодабарандагони интернет бо назардошти интернети зудпайваст 1 миллиону 800 ҳазор нафарро ташкил дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






