Ҳайати намояндагони афғонӣ дар Душанбе
Душанбе, 13 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Мо манфиатдорем, ки муносиботи ду кишвари ҳамҷавор-Тоҷикистону Афғонистон беш аз пеш дар тамоми соҳаҳо рушд ёбад». Ин матлабро Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ зимни мулоқот бо ҳайати намояндагони Комиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон, ки таҳти сарварии раиси он Фазл Аҳмад Маънавӣ дар Душанбе қарор доранд, иора кард. Ш. Шоҳиён ҳайати Комиссиюни мустақили Афғонистонро бо фаъолияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ошно сохт. Зикр шуд, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ дар оянда семинарҳои омӯзиширо ҷиҳати баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии интихобкунандагон баргузор менамояд. Фазл Аҳмад Маънавӣ низ зимни ҷонибдории худ аз тавсеаи муносиботи дӯстонаю ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Афғонистон роҷеъ ба фаъолияти сохтори Комиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон маълумот дод. Мавсуф афзуд, ки Комиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон сохтори навтаъсис буда, ба омӯзишу таҷрибаи бештар ниёз дорад. Фазл Аҳмад Маънавӣ афзуд, ки дар ин самт таҷрибаи ҳамкасбони тоҷики худ метавонад омӯзиши хубе дар ин замина барои ҳамтоёни афғонистониашон бошад. Бояд тазаккур дод, ки ҳайати намояндагони Комиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон таҳти роҳбарии Фазл Аҳмад Маънавӣ ҷиҳати иштирок дар семинарии тахассусӣ оид ба «Комиссияи интихоботии худмухтор ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар роҳи рушди демократия» дар Душанбе қарор доранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






