Ҳам осиёбу ҳам нерӯгоҳ
Хоруғ, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Сокинони деҳаи Вранги ноҳияи Ишкошим дар дарёи кӯҳӣ якбора ду корхонаи хурд бунёд карданд, ки яке иборат аз нерӯгоҳи барқи обӣ ва дигаре осиёб аст. Сокинони деҳа хамасола баъди ҷамъоварии ҳосили ғалла барои орд кардани он ба деҳаҳои ҳамсоя мерафтанд, гарчи дар худи зодгоҳашон имконияти сохтани як осиёб мавҷуд буд. Бо иқдоми сокини ин деҳа Аёмбек Аёмбеков ва кӯмаки молии Бунёди Оғохон орзӯи деринаи деҳқонон ҷомаи амал пӯшид. Бо масрафи қарзи бебозгашт иборат аз 3 ҳазор доллари амрикоӣ сохтмони осиёб дар муддати 3 моҳ ба анҷом расид. Ҳамчунин дар болооби дарё нерӯгоҳи хурде ба истифода дода шуд, ки чандин хонаводаи деҳаро бо нерӯи барқ таъмин мекунад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






