Ҳамкории фурудгоҳ бо 24 ширкати ҳавопаймоӣ
Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Фарҳоди Шомаҳмад).- Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фаъолияти соли 2011-и худро ҷамъбаст кард. Сармуҳандиси фурудгоҳ Бобоҷон Садриддинов иброз дошт, ки он бо 6 ширкати ҳавопаймоии мамолики хориҷи дур, 15 ширкати ҳавопаймоии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 3 ширкати маҳаллии ҳавопаймоии кишвар –«Тоҷик Эйр», «Сомон Эйр» ва «Ист Эйр» ҳамкорӣ дошта, дар соли 2011 ба 588 ҳазору 767 нафар мусофири рафта ва ба 537 ҳазору 842 мусофири омада хизмат расонидааст. Таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ хадамоти амнияти авиатсионии фурудгоҳ мутобиқи меъёрҳои муайянкардаи Ташкилоти байналхалқии авиатсионӣ — ИКАО амал намуда, амнияти авиатсионӣ, мусофирон, бор ва бағочро пурра таъмин намуд. Мутобиқи талаботи аз чониби умум пазируфташудаи меъёрҳои байналхалқӣ амнияти пурраи ҳавопаймоӣ бо истифода аз воситаҳои гуногуни муоинаи мусофир, бору бағоҷ ва системаи мушоҳидаю сабти видеоӣ таъмин карда шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






