Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Афғонистон идома дорад

Январь 9, 2012 15:22

Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Афғонистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки 7 январ дар шаҳри Кобул ба кораш шурӯъ намуд, масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, сохтмон, бахшҳои илмию техникӣ ва иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин бора аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд.Ҳайати Тоҷикистонро дар комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Афғонистон вазири нақлиёти ҶТ Низом Ҳакимов ва ҳайати Афғонистонро вазири иқтисодиёти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулҳодӣ Арғандвол роҳбарӣ менамоянд.«Масъалаи содироти нерӯи барқи Тоҷикистон дар фаслҳои баҳору тобистон ба Афғонистон ва татбиқи лоиҳаи CASA – 1000 яке аз масъалаҳои асосии гуфтушуниди Тоҷикистону Афғонистон гардид. Ҷонибҳо ҳамчунин масоили тезонидани сохтмони роҳи оҳанро аз Эрон то вилояти Ҳироти Афғонистон, ки то соҳили дарёи Панҷи Тоҷикистон тӯл кашида ва ба шохаи роҳи оҳани Тоҷикистон пайваст мешавад, мавриди баррасӣ қарор доданд», — зикр намуданд дар Вазорати энергетика ва саноати мамлакат.Мувофиқи маъмулоти Агентии омори ҶТ, муомилоти моли байни Тоҷикистону Афғонистон аз рӯи натиҷаи 11 моҳи соли 2011 беш аз 123 миллион доллари ИМА – ро ташкил дод, ки назар ба нишондоди ҳамин давраи соли 2010 баробари 53,8 фоиз зиёд аст.Хотирнишон месозем, ки ҷаласаи чоруми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Афғонистон имрӯз, 9 январ, корашро анҷом дода ва аз рӯи натиҷаи он ҳуҷҷатҳои дахлдор имзо мешаванд.

Январь 9, 2012 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт