Ҳаёти шоиста ба ниёзмандон
Душанбе, 11 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Аз ҷониби сохторҳои марбутаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар соли сипаришуда бо мақсади беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии пиронсолони яккаву танҳо, маъюбон, офиятбахшии кӯдакони имконияташон маҳдуд ва шахсоне, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор доранд, тавассути хизматрасониҳои иҷтимоӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд. Хусусан тавассути марказу шӯъбаҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо ба зиёда аз 1800 нафар ниёзманд хизмати иҷтимоию тиббӣ, равонӣ ва машварати ҳуқуқӣ расонида шуда, 330 нафари онҳо ба таври ройгон бо хӯроки гарм таъмин гардиданд. Мавриди зикр аст, ки 8 адад чунин марказ дар шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хоруғ, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҳисор, Восеъ, Ёвон аз тарафи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ва 6 адади дигараш, ки дар Душанбе, Хуҷанд, Истаравшан, Бохтар, Вахш ва Ғончӣ фаъолият доранд, аз сӯи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маблағгузорӣ мегарданд. Дар чор муассисае, ки барои офиятбахшии кӯдакони имконияташон маҳдуд пешбинӣ шудаанд, дар як даври қабул, ки аз 3 то 6 моҳро дар бар мегирад, бо 284 нафар кӯдаки маъюб корҳои тавонбахшӣ гузаронида мешаванд. Марказҳо ба пешравии зеҳнӣ, ҷисмонӣ, эҳсосотӣ ва фарҳангии кӯдакони имконияташон маҳдуд мусоидат намуда, ба таври шоиста ҳуқуқи онҳоро ба тандурустӣ, таҳсилот, рушд ва тарбия таъмин мекунанд. Марказҳои номбурда бо дастгирии Комиссияи Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ бо кадрҳои соҳибихтисос таъмин мебошанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






