Ҳукумати Ҷопон дастгирии безарарсозии минаҳоро дар ҶТ давом медиҳад
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – 26 январи соли 2012 дар ноҳияи Рӯдакӣ маросими ҷамъбасти татбиқи “Лоиҳаи безараргардонии механикии минаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон ва имзои «Лоиҳаи дастгирии фаъолияти безараргардонии механикии минаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои соли 2012 баргузор гардид.Дар чорабинӣ намояндагони баъзе вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва васоити ахбори умум ширкат варзиданд.Ҳиройуки Имаҳашӣ, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон ва Хартмут Томс, директори минтақавии Фонди швейтсарии безарарсозии минаҳо (ФШБМ) аҳамияти озод намудани минтақаҳои хатарнокро аз хатари минаҳо қайд карда, зарурати давом додани ҳамкориро дар самти мазкур таъкид намуданд.Амалиётҳои безарарсозии минаҳо дар солҳои 2010-2011 тавассути харидории мошини махсуси безарарсозӣ (МВ-4) бо маблағи умумиаш 726 ҳазору 059 доллари ИМА аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ дастгирӣ ёфта буд. Татбиқи лоиҳаи мазкур аз ҷониби Фонди швейтсарии безарарсозии минаҳо бо муваффақият ба анҷом расид. Ба гурӯҳҳои безарарсозӣ муяссар гардид, ки дар ҳудуди ноҳияҳои Панҷ ва Шӯроободи вилояти Хатлон ва Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 743 ҳазор метри мураббаъ майдонҳои минтақаҳои хатарноки наздисарҳадӣ бо Афғонистонро тоза намоянд, 290 минаро пайдо ва нобуд созанд.Худи ҳамон рӯз Сафири Ҷопон ва Директори ФШБМ созишномаи грантии навро бо маблағи умумии 212 ҳазору 892 доллари ИМА ба манзури дастгирии амалиёти безарарсозӣ дар соли 2012 имзо намуданд. Лоиҳаи нав бо мақсади таъмини бехатарии аҳолии минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон дар ҳудуди ноҳияҳои Панҷ, Фархор, Ҳамадонӣ, Шӯрообод ва Шаҳритӯси вилояти Хатлон ва ноҳияи Дарвози ВМКБ татбиқ карда мешавад.








Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад






