Ҷаласаи Шӯрои директорони Созмони «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ»
Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Чанде пеш дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Шӯрои директорони Созмони ироакунандаи қарзҳои хурди «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» баргузор гардид. Дар ҷаласаи навбатӣ масоили марбут ба натиҷаи пешакии фаъолияти созмон тайи соли 2011 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Тавре дар Созмони ироакунандаи қарзҳои хурди «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳисобот перомуни вазъи бозори қарзҳои хурди кишвар шунида шуд. Аъзои Шӯрои директорон ҳамчунин дурнамо ва буҷаи созмон барои соли 2012 – ро баррасӣ ва тасдиқ намуданд. Дар Шӯрои директорон дурнамои ба бонк табдил додани созмони мазкур низ мавриди муҳокима қарор гирифт.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






