Ҷалби 664 нафар омӯзгори ҷавон ба кор
Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Соли таҳсили 2011-2012 664 нафар ё худ 72,6 фоизи мутахасисони ҷавоне, ки дар вилояти Суғд ба мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳо роҳхат гирифтаанд, ба фаъолияти омӯзгорӣ шурӯъ намуданд.Дар шӯъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳои Қайроққум, Истаравшан, Чкалов, Табошар, Зафаробод, Спитамен, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ ба кор ҷалб намудани мутахассисон хуб ба роҳ монда шудааст ва аз 80 то 100% — и мутахассисон ба ҷои кор ҳозир гаштаанд.Бояд гуфт, ки соли ҷорӣ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров нисбат ба 30 нафар хатмкардаи гурӯҳҳои буҷавӣ, ки ба ҷойи кор ҳозир нашуданд, барои рӯёнидани маблағи таҳсил ба суди иқтисодӣ бо шикоятнома муроҷиат намудааст.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






