Ҷамъбасти олимпиадаи фаннӣ
Хоруғ, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Дар шаҳри Хоруғ Олимпиадаи вилоятии фаннӣ миёни толибилмони шаҳру ноҳияҳо ҷамъбаст гардид. Тибқи низомномаи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ озмуни вилоятии фаннӣ дар ду давр рӯи кор оварда шуд. Ба даври аввали он 124 нафар хонандагони фаъоли синфҳои болоии шаҳру ноҳияҳо донишу маҳорати худро аз фанни риёзӣ намоиш доданд. Озмун собит намуд, ки аксари иштирокдорони олимпиада аз ин фан дониши хуб дошта, ҳангоми ҳалли мисолу масъалаҳо ба хатогиҳо роҳ надоданд.Сардори раёсати маорифи вилоят Ғарибшоҳ Ғарибшоев аз ҷараёни баргузоршавӣ ва натиҷаи ҷамбаъсти озмуни вилоятии хонандагон сухан ронда, гуфт, ки ин дафъа ба ҳайати ҳакамон омӯзгорони ҳамаи ноҳияҳо шомил буданд. 42 нафар хонандагони беҳтарин ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат пайдо карданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






