Ҷавонони пойтахт ба «Созандагони Ватан» пайвастанд
Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 13 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд. Дар нахустин маҷлиси умумии намояндагии «Созандагони Ватан» зиёда аз дусад нафар ҷавон ширкат варзида, аз таъсиси намояндагии ташкилоти номбурда ҷонибдорӣ карданд. Дар ҷаласа дар ҳайати 27 нафар аъзои Маҷлиси умумӣ ва роҳбари намояндагӣ интихоб карда шуд. Сипас барои иштирокдорон аз ҷониби ҳунармандону ҳофизони Консерваторияи миллӣ ва донишҷӯёни Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода чорабинии фарҳангӣ доир гардид.Хотиррасон бояд кард, ки Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» иттиҳоди навтаъсис мебошад, ки барои муттаҳид намудани ҷавонон, тарбия намудани онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва бо ин восита омода намудани кадрҳои баландихтисосу ташкилотчӣ, ташаббускору роҳбарони ҷавон созмон дода шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






