Ҷиноятҳои коррупсионӣ пешгирӣ мешаванд?

Январь 20, 2012 10:30

Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Мақомоти прокуратура дар давоми соли 2011 дар натиҷаи санҷиш, баррасии мавод ва муроҷиати шаҳрвандон ба кушодани 494 парвандаи ҷиноятии иқтисодии хусусияти коррупсионидошта муваффақ шуданд. Парвандаҳои мазкур оид ба ҳолати фурӯши қитъаҳои замин, азхудкунии маблағҳои буҷавӣ, амалҳои порагирӣ ва порадиҳӣ, қаллобӣ ва саркашӣ аз пардохти андоз мебошанд,- гуфт муовини аввали прокурори генералӣ, мушовири адлияи дараҷаи дуюм Абдулқодир Муҳаммадиев ба мухбири АМИТ «Ховар».Ба иттилои манбаъ, мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ, аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат мебошад, зеро ҷиноятҳои коррупсионӣ асоси давлату давлатдорӣ, фаъолияти мӯътадили мақомоти давлатиро халалдор намуда, ба раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ахлоқу афкори ҷамъият ва дигар паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа шадидан таъсири манфӣ мерасонад. -Дар прокуратураи ҷумҳурӣ ҷиҳати пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар соли 2012 тадбирҳои самарабахш андешида мешаванд,- афзуд А.Муҳаммадиев.

Январь 20, 2012 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд