Ҷоиза ба Садриддин Ҳасанзода
Душанбе, 6 январ.(АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23- декабри соли 2011 ба Садриддин Ҳасанзода барои дастгирӣ ва ёрии бевосита ба кормандони соҳаи маориф, азнавсозӣ ва бунёди муассисаҳои таълимӣ, таъмини мактабҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ ва иштироки фаъолона дар беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии муаллимону мураббиён нишони «Аълочии ифтихории маорифи Тоҷикистон» супорида шуд. Бояд гуфт, ки худи ҳамин сол бо дастгирии С. Ҳасанзода дар мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 56-и ноҳияи Восеъ се синфхонаи таълимӣ бо тамоми лавозимот, аз ҷумла се компютер ва мизу курсӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ҳамчунин С. Ҳасанзода муаллифи якчанд китоби илмиву бадеист.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






