Ҷоми ИДМ: дастаи мунтахаби наврасон

Январь 17, 2012 14:11

Душанбе, 17 январ. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Имрӯз дастаи мунтахаби наврасони футболи кишвар баҳри ширкат дар бозиҳои «Ҷоми ИДМ» озими шаҳри Санкт-Петербург гардид. Дар ҳайати он беҳтарин бозингарон фаро гирифта шуда, давоми як ҳафта таҳти роҳбарии Салоҳиддин Ғафуров дар шаҳри Норак ба ин мусобиқаи бонуфуз тайёрӣ диданд ва умед ҳаст, ки бо бозии зебояшон хотири мухлисонро шод мегардонанд. Ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои мунтахаби Беларус, Литва ва Эрон рақобат хоҳанд кард. Тақвими бозиҳои дастаи мо чунин аст: 20-уми январ бо тими Литва, 21-уми январ бо дастаи Беларус ва 23-юми январ бо тими Эрон.

Январь 17, 2012 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад