20 соли узвияти Тоҷикистон дар СММ
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинана). – «20 соли узвияти Тоҷикистон дар СММ ва ифтитоҳи намояндагии СММ дар ҶТ: натиҷаи фаъолият ва дурнамо» — чунин буд мавзӯи нишасти матбуотӣ, ки 19 январ дар маркази Барномаи рушди СММ баргузор гардид. Ҳамоҳангсозии доимии СММ ва намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар ҶТ Александр Зуев ба намондагони ВАО дар бораи ин марҳилаи муҳими роҳи рушду тараққиёти Тоҷикистони мустақил иттилоъ дод. Мувофиқи суханони Александр Зуев, то имрӯз дар ҷумҳурӣ 21 агентии муассисаҳои СММ фаъолият дорад. Вазифаи асосии СММ дар Тоҷикистон иборат аз дастгирии саъю кӯшишҳои миллӣ ҷиҳати коҳиш додани қашшоқӣ, ҳифзи табақаҳои камбизоат, кӯмак ба ҳукумат ҷиҳати ҳалли чунин вазифаҳои асосӣ, аз қабили ба даст овардани амнияти озуқавӣ ва истиқлолияти энергетикӣ, баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад.Александр Зуев зимни суханрониаш ҳамчунин иброз дошт, ки дар давоми соли ҷашнӣ тадбирҳои зиёде роҳандозӣ карда мешаванд, ки мақсад аз онҳо баррасии ҳамаи ҷиҳатҳои ҳамкории самарабахш мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






