3 717 тонна сӯзишворӣ ғайристандартӣ дониста шуд

Январь 12, 2012 14:40

Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Дар озмоишгоҳҳои ташхисии маводи ғизоии Агентии Тоҷикстандарт дар давоми соли сипаригардида дар натиҷаи ташхис 20,9 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 186,3 тонна равғани растанӣ, 9,3 тонна маҳсулоти макаронӣ, 56 тонна орд, 2061 шиша нӯшокии спиртӣ, 24,9 тонна маҳсулоти қаннодӣ ва 188,1 тонна маҳсулоти ғаллагӣ ва даҳҳо маҳсулоти истеҳсоли ватанию воридотии дигар ғайристандартӣ дониста шуданд», — иброз намуд зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии стандартизация, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон Бахтиёр Шукуров.«Таҷҳизоти озмоишгоҳҳои Агентӣ, бахусус озмоишгоҳҳои ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ ба талаботи стандартҳои байналмиллалӣ ҷавобгӯ мебошанд», — таъкид намуд Б. Шукуров. Директори Агентӣ инчунин афзуд, ки бо мақсади муайян намудани сифат ва ҳолати фурӯши маҳсулоти нафтӣ дар давоми соли 2011 2 ҳазору 915 ташхиси маводи сӯхт дар 427 ҳазору 100 тонна маҳсулоти нафтӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа 3 ҳазору 717 тонна сӯзишворӣ ғайристандартӣ дониста шуд.

Январь 12, 2012 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад