5 миллион сомонӣ барои беҳдошти мелиоратсияи замин
Қӯрғонтеппа, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – Ҳолати мелиоративии беш аз 24 ҳазор гектар замини вилояти Хатлон дар вазъияти ногувор қарор дорад. Дар ин бора муовини сардори Раёсати мелиоратсия ва захираҳои оби вилояти Хатлон Иброҳим Ҷабборов ба АМИТ «Ховар» хабар дод. Соли 2011 барои беҳдошти ҳолати мелиоративии беш аз 8 ҳазор гектар замин тадбирҳор андешида шуда буданд. Яке аз сабабҳои бад шудани ҳолати мелиоративии замин сари вақт об намондани он ва хуб набудани вазъи каналҳои обёрӣ ба заҳбурҳо мебошад.Соли ҷорӣ барои беҳдошти ҳолати мелиоративии замин бо қарори маҷлиси вакилони халқи вилоят 5 миллиону 525 ҳазор сомонӣ сарф карда мешавад. Дар назар аст, ки соли 2012 ҳолати мелиоративии беш аз 3 ҳазор гектар замин беҳтар карда шавад








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






