74 дар сади аҳолии ВМКБ бо барқ пурра таъминанд
Хоруғ, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – 74 фоизи аҳолии вилоят тамоми фасли сол бо нерӯи барқ таъмин аст. Бо мақсади таъмини мунтазами аҳолӣ бо қувваи барқ беш аз 16 километр хати интиқоли барқи 35 киловатта таъмир гардида, дар 19 зеристгоҳ корҳои профилактикӣ анҷом дода шуданд. Назар ба гуфтаи сардори ширкати барқ Далер Ҷумъаев, баъди васли ҳисобкунакҳо ва истифодаи фурӯзонакҳои каммасраф истеъмоли аслии қувваи барқ баробари 1,5 миллион киловатт – соат кам гардид. Пардохти маблағи истифодаи барқ дар шаҳри Хоруғ 115 фоизро ташкил медиҳад, ҳол он ки то васли ҳисобкунакҳо қарзи аҳолӣ ва идораву ташкилотҳо дар назди ширкат моҳе 2 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил медод.Вақтҳои наздик бо дастгирии ширкатҳои олмонӣ дар ноҳияи Мурғоб бунёди ду нерӯгоҳ дар назар аст. Дар водии Язгулом бо маблағгузории ширкати Куриё моҳи июни соли ҷорӣ истгоҳи барқии 300 киловатта мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.








«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






