А. Низомов:«Кадрҳои баландихтисос намерасанд»
Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Дар нишасти матбуотие, ки имрӯз дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода баргузор гардид, ректори донишкада Аслиддин Низомов перомуни бурду бохти донишкада дар соли сипаригардида ҳарф зад. Дар нишасти матбуотӣ қайд гардид, ки Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон дар соли 2011 ҷиҳати татбиқи сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявиро ба роҳ мондааст. Сессияи санҷишу имтиҳоноти тобистонаю зимистонаи соли таҳсили 2011-ро устодон ва донишҷӯён бо муваффақият ҷамъбаст намуданд ва тибқи нишондодҳо дараҷаи дарсазхудкунии донишҷӯён 92%-ро ташкил медиҳад. Аслиддин Низомов афзуд, ки дар соли гузашта донишкадаро 214 донишҷӯ хатм намуда, ҳамаи онҳо бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд. Аслиддин Низомов мушкилии аслии соҳаро аз нарасидани кадрҳои баландихтисос дониста, афзуд, ки дар айни замон соҳаи фарҳанг ба беш аз 3000 кадри ихтисосманд ниёз дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






