Афзоиши истеҳсоли маҳсулот дар Кӯлоб
Кӯлоб, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Ф.Мадаминов). – Корхонаҳои саноатии шаҳри Кӯлоб дар моҳҳои январ – декабри соли 2011 ба маблағи 130 миллиону 754 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли 2010 – ум 438,9 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 103 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин муддат 577,6 тонна равғани растанӣ, 1028 тонна гӯшту маҳсулоти гӯштӣ ва дигар молҳои ниёзи мардум истеҳсол карда шуд. Дар ин соҳа корхонаҳои нави истеҳсолӣ таъсис дода шудаанд. Аз ҷумла, як коргоҳи нави дӯзандагӣ барои 300 нафар дар фабрикаи пойафзол ва коргоҳи коркарди пахта бо номи «Тиллои сафед» дар ҷамоати деҳоти Кӯлоб ба истифода дода шуд. Сехи истеҳсоли маҳсулоти ордӣ дар ҳудуди фарикаи пойафзолбарори дар арафаи анҷомёбист.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






