Аввалин истироҳати зимистонаи наврасон

Январь 26, 2012 17:33

Хуҷанд, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Бори аввал дар ҷумҳурӣ кӯдакону наврасон дар истироҳатгоҳи «20 солагии истиқлолият», воқеъ дар деҳаи хушманзараи Деҳмойи ноҳияи Ҷ.Расулов ба фароғату истироҳати зимистона фаро гирифта шуданд. Истироҳат дар вақти таътили зимистона дар ду баст ташкил карда шуд. Басти 1-ум аз 2-юми январ то 14-уми январ бо фарогирии 159 нафар ва басти дуюм аз 14-уми январ то 25-уми январ бо фарогирии 170 нафар мактаббача гузаронида шуд. Дар истироҳатгоҳ ҳамаи шароити фароғатӣ муҳайёст ва наврасону кӯдакон ғайр аз истироҳат дар маҳфилҳои кешбофӣ, расмкашӣ, кашидадӯзӣ, омӯзиши компютер, рӯзгордорӣ иштирок намуда, маҳорату дониши худро сайқал доданд. Сар аз рӯзи ифтитоҳи истироҳатгоҳ зиёда аз 900 нафар мактаббача аз ҳар гӯшаю канори кишвар дар он таътили худро гузарониданд.

Январь 26, 2012 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд